Декабр 03, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Касби ҳафт медали ихтироъкорони ҷавони Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии ихтироот

Мухтареъони эронӣ дар сездаҳумин даври мусобиқоти байналмилалии ихтирооти Кореяи Ҷанубӣ, муваффақ ба касби ҳафт медал шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, сездаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии ихтирооти Кореяи Ҷанубӣ бо ҳузури 30 кишвари ҷаҳон ва бо муаррифии беш аз 620 ихтироъ аз сӯи тимҳои кишварҳои ширкаткунанда аз 30 ноябр то 3 декабри 2017 дар Маркази намоишгоҳи “COEX” дар Сеул баргузор шуд.

Тими 12 нафараи мухтареъони Эрон дар ин давр аз мусобиқот бо муаррифии 10 ихтироъ, муваффақ ба касби 4 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медалли бурунз шуданд.

Намоишгоҳи ихтирооти Сеул бо ҳадафи тиҷорисозии ихтироот ва тарвиҷи табодули иттилооти баргузор мешавад ва дар он, мухтареъон ва муҳаққиқон маҳсулоти ҷадиди худро барои тавлидкунандагон, сармоягузорон ва тавзеъкунандагон ба намоиш мегузоранд.