Декабр 05, 2017 10:49 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии музокироти марзии Тоҷикистон ва Узбакистон

Мақомҳои Тоҷикистону Узбакистон музокироти дуҷонибаро ба манзури аломатгузории манотиқи мавриди ихтилофи Душанбеву Тошканд дар марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя аз сар мегиранд.

Ба нақл аз tajikta, охирин гуфтугӯҳои мақомҳои Тоҷикистону Узбакистон барои аломатгузории манотиқи мавриди ихтилоф дар марзи муштарак, панҷ соли қабл баргузор шуд, ки бидуни натиҷа буд .

Акнун ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ дар баҳси аломатгузории ин манотиқ, ҳайъати музокиракунандаи худро тағйир дода, ки раёсати он бар уҳдаи Қоҳир Расулзодаи сарвазир аст .

Ҳамчунин Азим Иброҳим, муовини сарвазир, Рустам Шоҳмурод, вазири адлия, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷа ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва аз аъзои Комиссияи Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Узбакистон ҳастанд .

Тоҷикистону Узбакистон дорои ҳазору 332 километр марзи муштарак ҳастанд, ки 93 километри ин марз дар қаламрави вилояти Суғд, ҳануз аломатгузорӣ нашудааст .

Вуҷуди нерӯгоҳи барқӣ-обии Фарҳод ва сарбанди он низ аз манотиқи мавриди ихтилофи Душанбеву Тошканд аст, зеро ин нерӯгоҳ дар хоки Узбакистон ва сарбанди он дар дохили хоки Тоҷикистон воқеъ шудааст, ки бояд дутараф бар сари ин минтақаи марзӣ ба тавофуқ бирасанд .

Бо тағйири сиёсати хориҷии давлати ҷадиди Узбакистон ба раёсати Шавкат Мирзиёев ба самти густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҷдиди ҳайъати музокиракунандаи Тоҷикистон, коршиносон умедворанд, ки Душанбеву Тошканд дар баҳси аломатгузории марзи муштараки ду кишвар, ба тавофуқи ниҳоӣ хоҳанд расид .