Муъзали гузарномаҳои қадиму ҷадид барои коргарони муҳоҷири тоҷик
Аз шаҳрвандони тоҷикистонии дорои гузарномаи қадимӣ дар Русия бахотири мушкилоти эҷодшуда, хоста шудааст, ки гузарномаҳои ҷадид (биопаспорт) бо эътибори 10 сола бигиранд.
Ба нақл аз Азия-Плюс, ахиран ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон фурӯши билети ҳавопаймо ба шаҳрвандони кишварро, ки бо гузарномаҳои қаблии худ озими Русия, Украина, Туркия ва кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо мешаванд, мутаваққиф кардааст .
Шаҳрвандон бо доштани гузарномаҳои қаблии худ, ки ё дорои эътибори панҷсола буда ва ё барои се соли дигар тамдид шудааст, наметавонанд ба бархе кишварҳо сафар кунанд .
Дар айни ҳол мушкили аслӣ дар ин маврид барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия эҷод шудааст, ки дигар бо гузарномаҳои қаблӣ ва тамдидшудаи худ наметавонанд иҷозатномаи кору иқомат дарёфт кунанд .
Аз ин рӯ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони мутақозии сафар ба Русия дархост кардааст, танҳо бо доштани гузарномаҳои ҷадид тасмим ба рафтан ба ин кишвар бигиранд .
Мақомҳои сафорати Тоҷикистон дар Маскав тайид кардаанд, ки дар ин авохир мушкилоти зиёде барои шаҳрвандони тоҷики дорои гузарномаҳои қаблӣ дар Русия эҷод шуда, ки монеи хуруҷи теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷир аз ин кишвар барои бозгашт ба Тоҷикистон шудааст .
Ин ба хотири он аст, ки Хадамоти федерали марзбонии Русия чандин бор мавориде аз ҷумлаи дасткорӣ дар муддати эътибори гузарномаҳои қаблии шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳрҳои ҷаълиро мушоҳида кардааст .
Аз сӯи дигар, аз теъдоде аз афроди вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ низ гузарномаҳои тақаллубии шаҳрвандии Тоҷикистон кашфу забт шудааст .