Иҷозаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои дидор бо ӯ
(last modified Sat, 20 Aug 2016 06:26:44 GMT )
Август 20, 2016 11:26 Asia/Dushanbe
  • Иҷозаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои дидор бо ӯ

Додгоҳи Олии Тоҷикистон пас аз ҳафт моҳ ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон иҷоза додааст, то бо ӯ дидор кунад.

Ба гузориши торнамои "ТоҷИнфо", хонум Савринисо Ҷӯраева гуфтааст, ки пас аз ҳафт моҳ ва дар пайи интишори ахбори зидду нақиз дар бораи вазъи саломатии ҳамсараш муваффақ шудааст, аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои дидор бо ӯ дар рӯзи шанбе, 20 август иҷозат бигирад.

Чанд рӯз қабл сомонаҳои марбут ба мухолифони сиёсии Тоҷикистон аз шиканҷа шудан ва дар селлули инфиродӣ қарор гирифтани Маҳмадалӣ Ҳаит хабар дода буданд, ки муовини раиси Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ин хабарро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, пас аз интишори хабарҳо дар бораи даргузашти ду узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вахим шудани вазъи саломатии Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири зиндонии нашрияи "Наҷот", норавшан будани сарнавишти Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раис ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке дигар аз масъулони ин ҳизб теъдоде аз ҳуқуқдонону фаъолони сиёсии тоҷик бо интишори баёнияе аз Кумиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Дафтари намояндагии муассисоти демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Кумитаи Ҷаҳонии Салиби Сурх, Афви Байналмилал, Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Созмони Пизишкони Бидунии Марз хостаанд, Ҳукумати Тоҷикистонро ба амал кардан ба тааҳҳудоташ дар қиболи зиндониён ва поён додан ба бадрафторӣ нисбат ба онҳо водор кунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи июн 14 узви аршади Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии ин кишварро ба даст доштан дар шӯриши Абдулҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли гузашта, мушорикат дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ, барангехтани ихтилофоти қавмӣ, даъват барои барандозии низоми сиёсӣ, дарёфти пул аз хориҷ муттаҳам ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Аммо маҳкумшудагон бо беасос хондани ҳамаи иттиҳомот иртиботи худро бо ҳаводиси сентябри соли 2015 рад кардаанд.