Бекор шудани ҳашт ҳазор корманди бонк дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26457-Бекор_шудани_ҳашт_ҳазор_корманди_бонк_дар_Тоҷикистон
Мушкилоти молӣ, бонкҳои Тоҷикистонро маҷбур ба коҳиши теъдоди кормандон кардааст, ба тавре ки тайи ду соли охир беш аз ҳашт ҳазор нафар аз ин афрод бекор шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 07, 2017 07:45 Asia/Dushanbe
  • Бекор шудани ҳашт ҳазор корманди бонк дар Тоҷикистон

Мушкилоти молӣ, бонкҳои Тоҷикистонро маҷбур ба коҳиши теъдоди кормандон кардааст, ба тавре ки тайи ду соли охир беш аз ҳашт ҳазор нафар аз ин афрод бекор шудаанд.

Ба гузориши Азия-плюс, буҳрони молӣ дар бонкҳои Тоҷикистон аз соли 2015 то кунун, ба бекор шудани теъдоди зиёде аз кормандони ин бонкҳо мунҷар шудааст.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон сабаби аслии бурузи буҳрон дар низоми бонкии ин кишварро мудирияти нодуруст дар чаҳор бонки ин кишвар -  Содирот, Саноат, Сармоягузории кишоварзӣ ва Фонон-бонк унвон мекунанд, ки тавони пардохти манобеи молии шарикони худ ва мардумро аз даст додаанд.

Аммо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ решаи мушкилот дар низоми бонкии Тоҷикистонро коҳиши шадиди мизони даромади молии ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия медонанд, ки аз соли 2015 беш аз 50 дарсад кам шудааст.

Ба ҳамин иллат, мудирияти бонки Сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ маҷбур шуд, як ҳазору 520 нафар аз кормандони худро ихроҷ кунад, ки акнун 524 нафар барои анҷоми фаъолият дар ин бонк барқарор шудаанд.

Ҳамчунин Бонки Содироти Тоҷикистон эълом кардааст, дар соли ҷорӣ аз як ҳазору 627 корманди худ, танҳо 641 нафар монда ва бақия ихроҷ шудаанд.

Сумангул Тағойзода вазири кор ва умури муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, аз онҷое ки кормандони ихроҷшуда аз бонкҳои ин кишвар қаблан ҳуқуқи зиёде дарёфт мекарданд, акнун манобеи молии кофӣ барои кумак ба ин афрод ба унвони бекор вуҷуд надорад.

Ба таври ҳамзамон дар Тоҷикистон садҳо шӯъбаи ин бонкҳо баста ва кормандонашон ихроҷ шудаанд ва баҳси тасвияи ҳисоб бо муштаирён ҳанӯз ҳал нашудааст.