Бунёди як муассисаи байналмилалии пизишкӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Dec 2017 08:14:31 GMT )
Декабр 07, 2017 13:14 Asia/Dushanbe
  • Бунёди як муассисаи байналмилалии пизишкӣ дар Тоҷикистон

Як муассисаи байналмилалии пизишкӣ бо сармоягузории Арабистон дар Тоҷикистон бунёд мешавад.

Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, Насим Олимзода вазири беҳдошт, дармон ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Заробиддин Қосимӣ сафири ин кишвар дар Арабистони Саудӣ, бо теъдоде аз корофаринони ҳавзаи пизишкӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Насим Олимзода, ки барои ширкат дар конфронси шашуми вазирони беҳдошти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Ҷидда сафар кардааст, гуфт, пас аз дидор ва табодули назар бо корофаринони ҳавзаи пизишкии Арабистон, тарафайн ба теъдоде тавофуқи аввалия дар мавзӯъҳои мухталиф даст ёфтанд.

Бар асоси ин гузориш, таъсиси як муассисаи пизишкии байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо сармоягузориҳои хусусии Арабистони Саудӣ, сохти як корхонаи муштараки дорусозӣ, эъзоми пизишкон ва соири ироадиҳандагони муроқибатҳои пизишкӣ ва беҳдоштии тоҷик барои кори доим ба Арабистон  ва тасҳили рафту омади шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар, аз ҷумлаи масоиле буд, ки ду тараф бар иҷроӣ шудани онҳо тавофуқ карданд.

Вазири беҳдошт, дармон ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳаш дар ин сафар аз яке аз бемористонҳои Ҷидда боздид карданд ва бо шеваҳои навин кори ниҳодҳои пизишкии Арабистони Саудӣ ошно шуданд.