Коҳиши саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷир аз сӯи Русия барои соли 2018
Русия саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ барои соли 2018-ро ба мизони беш аз 20 дарсад коҳиш дод.
Ба нақл аз Ка-Ниюз, Русия эълом кардааст, барои соли 2018 танҳо ба 140 ҳазор коргари муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар иҷозатномаи фаъолият эъто хоҳад кард, ки 20 дарсад камтар аз соли ҷорӣ аст .
Ҳамчунин таъкид шудааст, бояд беш аз 94 дарсади ин афрод дорои тахассусу ҳирфа бошанд, то бар асоси ниёзи иқтисоди Русия ҷазб шаванд .
Александр Горовой, муовини вазири кишвари Русия гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар Русия ду миллиону 600 ҳазор коргари муҳоҷири ғайриқонунии хориҷӣ фаъолият мекунанд .
Ба гуфтаи вай, ду миллион нафар аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ ҳам ба иллати нақзи қонуни кору иқомати Русия, ихроҷ ва аз вуруди дубора ба хоки ин кишвар маҳрум шудаанд .
Дар ҳоле, ки беш аз як миллион нафар коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ҳамасола беш аз 600 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар баҳор барои кори мавсимӣ ба Русия мераванд ва бо сард шудани ҳаво ба Тоҷикистон бармегарданд .
Дар айни ҳол, таи се соли ахир ба иллати таҳримҳои ғарб алайҳи Русия ва буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, мизони маоши коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ коҳиш ёфта ва муқаррароти кору иқомати онон низ сахттар шудааст .