Декабр 09, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз ихтисоси саҳҳоми хориҷӣ барои такмили нерӯгоҳи Роғун

Дарсади фоидаи боло ва муддати кӯтоҳи бозпардохти маблағи саҳҳоми хориҷӣ барои такмили нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғуни Тоҷикистон, нигаронкунанда аст.

Ба нақл аз Toptj, дар ҳоле, ки мақомҳои Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши 500 миллион доллар саҳҳоми арзашудаи нерӯгоҳи Роғун дар хориҷ аз кишварро дастоварди бузурге медонанд, дар санади роҳбурди мудирияти қарзҳои кишвар, ин иқдоме насанҷида ва хушбинии зудҳангом арзёбӣ шудааст .

Аз назари тадвинкунандагони санади мавсум ба роҳбурди мудирияти қарзҳои давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2018 ва 2020 таъкид шуда, фоидаи солиёна бозпардохти ин саҳҳом ҳафту як даҳуми дарсад аст .

Ин фоида, бисёр боло ва муддати бозгардондани ин маблағ, бисёр кӯтоҳ аст, ки метавонад хатароти зиёде барои кишвар дар пай дошта бошад, зеро ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба Тоҷикистон бо фоизи аз як то се дарсад ва бозпардохти 20 сола қарз медиҳанд .

Нурмуҳаммад Сафарзода, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, Тоҷикистон ба иллати имтинои ниҳодҳои молии байналмилалӣ аз додани қарз барои такмили сохти нерӯгоҳи Роғун маҷбур шуд, даст ба фурӯши саҳҳоми ин нерӯгоҳ дар хориҷ аз кишвар бизанад .

Аммо фоидаи боло ва муддати кӯтоҳи бозпардохти 500 миллион доллари саҳмияи арзашуда дар сурати таъхир дар замони бозпардохти ин маблағ, метавонад ба зиёни Тоҷикистон тамом шавад .

Барои такмили сохти ин нерӯгоҳ Тоҷикистон, ба ҷазби чаҳор миллиард доллар сармоя ниёз аст .

Аз сӯи дигар, танҳо барои сохти сарбанди 335 метрии ин нерӯгоҳ, ба як миллиарду 900 миллион доллар ниёз аст, ки Тоҷикистон саъй мекунад, аз фурӯши саҳҳоми ин тарҳ, ин манобеъро фароҳам созад.