Зиндон дар интизори масъули гурӯҳи ҳозириҷавобони Тоҷикистон
Ҳуқуқдонон мегӯянд, дар сурати исботи иттиҳомоти масъули бошгоҳи ҳозириҷавобон (КВН)-и Тоҷикистон додгоҳ метавонад, Хайрулло Мирсаидовро ба 13 то 16 сол зиндон маҳкум кунад.
Ба гузориши “Спутник”, мақомоти додситонии вилояти Суғд бо боздошти Мирсаидов дар пайи шикояти вай аз мудири идораи ҷавонон ва варзиши ин минтақа ба раисиҷумҳурӣ, Додситони кулли Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд акнун алайҳи шокӣ, иттиҳомоти ихтилоси молӣ, ҷаъли аснод ва барангехтани танаффури мазҳабиро матраҳ кардаанд.
Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Мирсаидов масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи хабаргузории “Азия Плюс” ва радиои “Садои Олмон” алайҳи Олим Зоҳидзода, мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба далели ончӣ, ки пардохт накардани маблағи ҷудо шуда барои бошгоҳи ҳозири ҷавобон (КВН) ва талаби ришва унвон мешавад, ба мақомоти олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Аммо додситонии вилояти Суғд бо боздошти вай ба иттиҳоми ихтилоси молӣ, ҷаъли аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ, акнун парвандаи ҷиноятӣ ташкил ва ин қазияро баррасӣ хоҳад кард.
Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон муташаккил аз теъдоде аз ҷавононе мебошад, ки чанд соле аст дар мусобиқоти саросарӣ дар қаламрави кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд мақом овардааст. Аз ҷумла дар мусобиқоти бошгоҳҳои ҳозирҷавобон дар Маскав ва Қирғизстон, тайи 2 соли ахир мақоми аввал ва дуввумро касб кардаанд. Муҳтавои ин мусобиқот бештар аз пурсишҳои мухталиф дар заминаи таърих, адабиёт, улуми таҷрибӣ ва фарҳанг мебошад, ки бояд афрод дорои ҳофизаи қавӣ ва зеҳният боло дар тӯли чанд сония ба ин саволот посух диҳанд.