Боздошти ҷавони тоҷик ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба ДИИШ
Неруҳои Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), як шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург боздошт карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, мақомҳои Хадамоти федералии амнияти Русия, шомгоҳи ҳаштуми декабри имсол Умар Муҳаммадиев, шаҳрванди 28 сола Тоҷикистонро қабл аз парвозаш ба мақсади Истомбули Туркия, дастгир карданд.
Ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон қасд дошт аз тариқи Туркия худро ба Афғонистон бирасонад ва ба сафи муборизони ДИИШ бипайвандад.
Дмитрий Кочетков, раҳбари хадамоти матбуоти раёсати ФСБ гуфтааст, Умар Муҳаммадиев қасд дошт агар ба ин ҳадаиф худ нарасад, дар маҳдудаи шаҳри Санкт-Петербург амали террористӣ анҷом диҳад.
Умар Муҳаммадиев мутаваллиди соли 1989, то рӯзи боздошташ дар ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград басар мебарад.
Ӯ акнун бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург, то ҳафтуми феврали соли оянда, дар зиндон аст.
Барои ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми "қасди пайвастан ба созмони мамнуъ", парвандаи ҷиноятӣ ташкил шудааст.