Декабр 11, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар даргириҳои шимоли Афғонистон

Мақомоти амниятии Афғонистон аз кушта шудани 31 узви гурӯҳи Толибон, аз ҷумла ду тоҷикистонӣ дар даргирӣ бо неруҳои давлатӣ дар вилояти Қундуз, дар шимоли ин кишвар ва дар рӯ барӯи марзи муштарак бо Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, ин мақомот таъкид кардаанд, ки неруҳои амниятии Афғонистон ин афродро дар як амалиёти шабона дар чанд рустои ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз ба ҳалокат расондаанд.

Ин мақомот аз ифшои ҳувият ва номи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин амалиёт кушта шудаанд, худдорӣ кардаанд.

Мақомоти амниятии вилояти Қундуз низ гуфтаанд, ки амалиёти неруҳои давлатии Афғонистон барои озодии манотиқе аз ноҳияи Имом Соҳиб дар наздикии марз бо Тоҷикистон аз ишғоли гурӯҳи Толибон, аз чанд рӯз қабл оғоз шуда ва саъй мешавад, ки ба неру ва таҷҳизоти ин гурӯҳ зарботи сангин ворид шавад.

Пештар низ мақомоти амниятии Афғонистон аз кушта шудани шаҳрвандони тоҷикистонии узви гурӯҳи Толибон дар амалиёти неруҳои давлатӣ дар вилоятҳои шимолии ин кишвар хабар дода буданд, аммо ҳеҷ гоҳ номи ин афродро эълом накардаанд.

Ин мақомот муддаианд, ки дар сафҳои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибон ва ДИИШ теъдоде аз шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд, ки мутахассиси сохти бомб ва таҷҳизоти инфиҷорӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол интишори хабар фаъолияти писарони фарзандони Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош – асосгузорони Ҳаракати исломии Узбекистон - тақрибан як сол боз дар вилояти Ҷузҷон аз номи ДИИШ ба ҷамъоварии аскар машғул мебошанд.

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки ду ноҳия дар вилояти Ҷузҷон дар ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ аст.