Тағйироти кадрии густурда дар ВУД ва додгоҳҳои Тоҷикистон
(last modified 2017-12-12T12:38:02+00:00 )
Декабр 12, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрии густурда дар ВУД ва додгоҳҳои Тоҷикистон

12-уми декабр бо мувофиқати раисҷумҳури Тоҷикистон 18 додрас ва чандин мақоми аршади Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тағйир карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди таъйини Амирхон Исҳоқӣ ба симмати муовини раиси Додгоҳи Олӣ ва низ пешниҳоди таъйини Шароф Аланазарзода, Абдулқаҳҳор Тағойзода, Ҷамшед Аҳмадзода ва Илҳом Комилзода ба ҳайси додрасҳои Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард. Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, вазифаи муовини раиси Додгоҳи Олии Иқтисодии ин кишвар ба Файзалӣ Комилӣ супурда шавад. Бино ба дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, раисони додгоҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд шаҳру ноҳияи ин вилоят, вилоятҳои Хатлону Суғд низ таъйин шуданд.

Бар асоси гузориши манбаъ, муҳимтарин тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро даромадааст, ба тавре ки сардорони раёсатҳои умури дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва низ дастгоҳи марказии Вазорати умури дохилии ин кишвар тағйир карданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби машғул шудан ба кори дигар барканор шуд ва Суҳроб Рауфов ба ин вазифа таъйин гашт.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо кадрҳои тозатаъйин мулоқот кард ва дар ин мулоқот зимни ибрози нигаронӣ аз авзои ғайриқобили пешбинии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа аз ҳар як аз онон зиракӣ ва хидмати содиқона ба Ватанро хостор шуд.