Декабр 13, 2017 11:35 Asia/Dushanbe
  • Як коршинос:Таҳдиди ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ бештар аст

Коршиноси аршади Донишгоҳи байналмилалии равобити хориҷаи вобаста ба вазорати умури хориҷаи Русия, мӯътақид аст, ки таҳдиди ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ вуҷуд дорад.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Андрей Казантсев гуфтааст, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон заминаи ҷазби шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ бештар мебошад.

Вай ин матлабро дар ҷараёни видеоконфронс миёни пойтахтҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус, ки ба баррасии мавзӯи густариши ифротгарӣ дар қаламрави кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд ихтисос дошт, иброз кард. Ин коршиноси русӣ бо таҳлили авзои кишварҳои Осиёи Марказӣ, муддаӣ шудааст, ки заминаи ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ бештар мебошад. Зеро бархе аз мухолифони миёнарави исломии ин кишвар саркӯб шуда ва ба сӯи гурӯҳҳои террористӣ тамоюл пайдо кардаанд.

Аз дидгоҳи Андрей Казантсев наздикии Тоҷикистон бо Афғонистон ва афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, низ метавонад мӯҷиби гароиши бештари ҷавонони ин минтақа ба далели вуҷуди фақру бекорӣ ва набуди имкони омӯзиши дурусти улуми исломӣ ба гурӯҳҳои террористӣ шавад.