Декабр 13, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои нахустин хориҷии узви ДИИШ дар Тоҷикистон

Нахустин хориҷии узви ДИИШ дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе -пойтахти Тоҷикистон, ахиран як шаҳрванди мусулмони Фаронсаро, ки номаш ифшо нашудааст, барои талош ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳи террористӣ –такфирии ДИИШ дар Афғонистон, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба 5 сол зиндон маҳкум кард.

Манобеи огоҳи Тоҷикистон эълом кардаанд, ин фаронсавӣ тобистони соли ҷорӣ аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуда, аммо ҳангоми убури ғайри қонунӣ аз Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Ҷайҳун боздошт шудааст.

Тайи солҳои ахир даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, аммо ин шаҳрванди фаронсавӣ нахустин маврид дар навъи худ, дар парвандаи зидди “ДИИШ”-ии мақомоти қазоии Тоҷикистон аст.