Додгоҳи Русия ба нафъи коргари муҳоҷири тоҷик раъй дод
Додгоҳи ноҳияи Красний Яри вилояти Астрахани Русия бо қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як коргари муҳоҷири тоҷик, вайро аз иттиҳоми нақзи қонуни иқомат дар ин кишвар табраа кард.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Салим Шукронаев, ки дар Русия аз моҳи сентябри соли 2016 бар асоси қонуни кории ин кишвар бо дарёфти муҷаввиз ва пардохти молиёт фаъолият мекард, ду рӯз қабл аз поёни муддати иқомати хеш иқдом ба хурӯҷи аз қаламрави ин кишвар кард, ки марзбонони русӣ вайро дар марзи вилояти Астрахан бо Қазоқистон боздошт ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти ҳузур дар ин кишвар, алайҳи ин коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ парвандаи ҷиноӣ, ташкил карданд.
Вай дар додгоҳ бо ироаи асноде дар бораи қонунӣ будани иқомат ва кораш дар Русия бар асоси муҷаввиз ва баргаҳои пардохти молиёт собит кард, ки ширкати корфармои сохтумонсозӣ дар шаҳри Маскав ҳуқуқи ӯро пардохт накарда ва додгоҳи пойтахти Русия, замони ҳузур Салим Шукронаевро барои ҳалли мушкилаш бо ин ширкат тамдид низ кардааст. Аз ин рӯ, додгоҳи ноҳияи Красний Яри вилояти Астрахани Русия, ҳукми озодии Салимро содир ва иттиҳомоти марзбонони русӣ, алайҳи ин коргари муҳоҷири тоҷикро беасос унвон кард.
Ба гуфтаи коршиносон дар чунин мавридҳо камиттифоқ меафтад, ки додгоҳҳои Русия ба нафъи коргаррони муҳоҷири тоҷикистонӣ раъй диҳанд, 99 дарсад ихроҷ мешаванд. Аммо донистани қавонини ҳуқуқи Русия мӯҷиб шуд, ки додгоҳ аз ин коргари муҳоҷри тоҷик ҳимоят кунад.
Дар ҳоле, ки мақомоти қазоии Русия баҳори имсол 102 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷикистонӣ аз қаламрави ин кишварро мавриди афв қарор дода ва роҳи вуруди дубораи ин афрод ба ин кишварро ҳамвор карданд, 170 ҳазор нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунон мамнуълвуруд боқӣ мемонанд. Онон ба иттиҳоми нақзи қавонини кор ва иқомати Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда ва ба муддати 5 сол наметавонанд, дубора ба Русия ворид гарданд.