Афзоиши чашмгири тибби гиёҳӣ дар Тоҷикистон
Дар солҳои ахир тибби гиёҳӣ дар Тоҷикистон рушди чашмгире доштааст.
Ба гузориши сойти “Ховар”, муовини Вазири беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълом кард, ба дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати беҳдошт дар соли 2018 дар минтақаи Сарихосори Балҷувон ва минтақаи Канаски Ваҳдат, корхонаҳои фароварӣ ва бастабандии гиёҳони доруӣ роҳандозӣ мекунад.
Мираҳмиддин Камолзода, афзуд, ҳамчунин бо ҳадафи рушди тибби гиёҳӣ дар ин ҷумҳурӣ, дар Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино ва Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе, корхонаҳои фароварӣ ва тавлиди доруҳои гиёҳӣ ба таҷҳизоти модерн муҷаҳҳаз шудаанд ва дар муассисаҳои тиббӣ ва дармонии кишвар низ бахшҳои вижаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунанд.
Бар асоси ин гузориш ҳамакнун дар Тоҷикистон 32 ширкати дохилӣ ба тавлиди 240 навъ маҳсулоти тиббӣ ва доруҳои гиёҳӣ машғул ҳастанд, ки дар муқоиса бо соли қабл, дар маҷмӯъ рушди 10 дарсадӣ нишон медиҳад.
Содироти доруҳои гиёҳӣ низ дар ин давра ба 62 миллиону 252 ҳазору 141 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 20 миллион сомонӣ афзоиш доштааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазору 500 навъ гиёҳи доруӣ мерӯяд, ки бо муҷаввизи Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз 70 навъи он, барои тавлиди доруҳо ва дармони беморон истифода мешавад.
Аз замонҳои дӯр токунун тибби гиёҳӣ ва гиёҳдармонӣ дар байни мардуми Тоҷикистон ривоҷ дорад.