Декабр 18, 2017 10:02 Asia/Dushanbe
  • Нархномаҳои ҷадид дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Ширкати “IRS”, масъули роҳи Душанбе – Хуҷанд аз афзоиши таърифаи ҷадид барои худравҳои убурӣ дар ин масир хабар додааст, ки акнун ронандагони мошинҳои боркаш бояд 10 сомонӣ бештар аз қабл пул пардохт кунанд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, акнун худравҳои сабӯкрав барои убур аз 6  тарозӯ (плаза)-и ин ширкат дар ин масир, 59 сомонӣ ва мошинҳои боркаш 638 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Тӯли ин роҳ, ки дар соли 2010 аз сӯи ширкатҳои чинӣ бо сармоягузории 296 миллион долларӣ бо саҳми молии 15 миллион долларии Тоҷикистон, мавриди бозсозӣ қарор гирифт, то ноҳияи Мастчоҳ дар марзи Узбакистон 410 километр мебошад. Аммо дар соли 2010 парлумони Тоҷикистон масъулияти роҳдории ин масирро ба ширкати маҷҳули “IRS” вогузор кард, ки ба муддати 25 сол аз пардохти молиёт маоф мебошад. Дар ҳоле, ки саҳми ширкатҳои чинӣ дар бозсозии ин роҳ 281 миллион доллар аст, ки бо воми баландмуддати 20 сола бо суди 2 дарсад дар сол ба Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Чун ширкати “IRS” ба буҷаи давлати Тоҷикистон молиёти пардохт намекунад, маълум нест, ки маблағҳое, ки аз ронандагон ситонида мешавад, ба куҷо меравад.

Роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо масири пулӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки иртибот миёни марказ ва шимоли ин кишварро таъмин мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон вазъи расидагӣ ба ин роҳи муҳим, ки ширкати “IRS” масъули он мебошад, чандон матлуб нест ва дар бархе аз минотиқ ва бавижа масири ноҳияи Айнӣ то шаҳри Хуҷанд харобиҳое мушоҳида мешавад, ки ниёз ба тармим ва бозсозӣ дорад.