Декабр 18, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости зиндони абад барои саркардаи тоҷики қочоқчиёни маводи мухаддир дар Русия

Намояндаи додситонии кулли Русия эълом кардааст, ки аз додгоҳи вилояти Маскав барои саркардаи тоҷики як гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир, ҳукми зиндони абад дархост хоҳад кард.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Александр Куренной дар гузориши видеоӣ гуфтааст, ки дар додгоҳи вилояти Маскав, ки муҳокимаи 15 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми як гурӯҳи созмонёфтаи қоҷоқи маводи мухаддир аз рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ оғоз мекунад, барои Шералӣ Табаров саркардаи ин гурӯҳ, ҳукми зиндони абад дархост хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки аъзои ин гурӯҳ аз қочоқчиёни маводи мухаддир муттаҳам ба интиқоли 600 кило ҳероин ба Русия мебошанд, ки тайи солҳои 2012 то 2016 анҷом додаанд. Аз ин рӯ, барои Шералӣ Табаров-саркардаи ин гурӯҳ, зиндони абад ва 14 нафари боқимонда аз 6 то 25 сол зиндон дархост хоҳад шуд. Ин намояндаи додситонии кулли Русия гуфтааст, ки ҳанӯз дар соли 2003 додгоҳи ноҳияи Инзинский вилояти Уляновски, Шералӣ Табаровро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 10 сол зиндон маҳкум карда буд. Аммо ин фард ба дархости мақомоти Тоҷикистон ба кишвараш истирдод шуд. Вале Шералӣ Табаров бо озодӣ аз зиндони Тоҷикистон бо гузарномаи тақаллубӣ ба Русия рафта ва иқидом ба ташкили як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчиёни маводи мухаддир мекунад, ки аз Афғонистон бо истифода аз қаламрави Тоҷикистон ба Русия, ҳероин мунтақил мекард.

Мақомоти интизомии Русия дар соли 2014, Шералӣ Табаровро ба иттиҳоми қочоқи ҳероин боздошт карда буданд. Аммо гурӯҳи вай, ба саргардагии Саидҷамол Қурбонов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба фаъолияти хеш идома додааст, ки ба тадриҷ аъзои ин гурӯҳ низ дастгир шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки аз се якҳиссаи онон ба иттиҳоми мушорикат дар интиқол ва фурӯши маводи мухаддир, маҳкум шудаанд.