Декабр 18, 2017 13:02 Asia/Dushanbe
  • Лӯхтакҳои воридотии Чин бо либоси миллии тоҷикон

Тоҷирони тоҷик аз Чин лӯхтакҳое ворид мекунанд, ки либоси миллии тоҷикӣ доранд.

Мақомоти назоратии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ, аз фурӯшгоҳҳои ин кишвар асбоббозиҳои ғайри стандартиро, ки барои кӯдакон зиёновар аст, мусодира ва ба тоҷирон тавсия карданд, ки аз Чин лӯхтакҳои дорои вижагиҳои миллӣ ва мутобиқ бо арзишҳои худӣ ворид кунанд.

Ҳамакнун тоҷирони тоҷик, барои кӯдакони лӯхтакҳоеро аз Чин ворид мекунанд, ки либосҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла порчаи атлас бар тан доранд ва аз ҷониби харидорон бо истиқболи хубе ҳам рӯбарӯ шудаанд. Ин арӯсакҳои атласпӯш дар бозорҳои Душанбе ва дигар манотиқ аз 15 то 25 сомонӣ ба фурӯш мерасанд.

Воридоти арӯсакҳои тоҷикӣ бо либоси миллӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар чанд соли ахир, дар Тоҷикистон тарғиби либосҳои миллӣ ҷараён дорад ва мақомот талош мекунанд, то аз пӯшиши либосҳои бегона ё “ҳиҷобу рӯсарӣ”, ҷилавгирӣ кунанд.

Бар асоси Қонуни “танзими ҷашнҳо ва маросимҳои миллии Тоҷикистон”, ширкат дар ҷашн ва маросимҳо бо либосҳои миллӣ, илзомӣ аст. Акнун либоси миллиро натанҳо занон, балкӣ лӯхтакҳо низ бояд ба бар кунанд.

Ширкати амрикоии “Mattel” чанде пеш лӯхтаки “Барбии ҳиҷобпӯш”-ро муаррифӣ кард, ки қарор аст аз сол 2018 ба бозор арза шавад. Ҳиҷоби сиёҳе,  ки ҳоло ба арӯсаки Барбӣ пӯшондаанд, дар Тоҷикистон “либоси бегона” дониста мешавад, пӯшидан ва таблиғи он, мамнуъ аст.