Декабр 19, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия: Нерӯҳои мусаллаҳи русу тоҷик бояд омодаи муқобила бо террористҳо бошанд

Фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, бо шикасти ДИИШ дар Сурия нерӯҳои мусаллаҳи русу тоҷик бояд барои ҳар навъ таҳаввуле дар Осиёи Марказӣ омода бошанд.

Александр Лапин, фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар маросими таҳвили таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон гуфт, бо шикасти ДИИШ дар Сурия нерӯҳои мусаллаҳи русу тоҷик бояд барои ҳар навъ таҳаввуле дар Осиёи Марказӣ омода бошанд. Ӯ бо ишора ба шикасти ДИИШ дар Сурия ва бозгашти сарбозони рус гуфт, бо ин ҳол суҳбат кардан дар мавриди поён ёфтани мубориза бо терроризми байналмилалӣ ҳанӯз зуд аст. Ин мақоми низомии рус идома дод, ситезаҷӯён, ки дар Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шуданд, ҳузури худ дар Афғонистонро афзоиш медиҳанд ва ин масъаларо наметавон нодида гирифт. Лапин афзуд: “Мо вазифаи муштараке барои ҳифозат аз марзҳои худ ва таъмини амният дар минтақа дорем ва бо итминон метавон гуфт, ки ин корро анҷом хоҳем дод”.

Имрӯз дар яке аз пойгоҳҳои низомии Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти зирабти ду кишвар маросими таҳвили теъдоди зиёде таслиҳот, аз ҷумла таҷҳизоти иртиботӣ ва дифоии ҳавоӣ, танку чархболи русӣ ба артиши Тоҷикистон ба манзури тақвияти марзҳои ин кишвар бо Афғонистон баргузор шуд. Таҳвили таҷҳизоти низомӣ дар чорчӯби ҳамкориҳои байналмилалии низомию фаннӣ миёни Маскаву Душанбе, иҷрои барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки як абзори калидӣ барои афзоиши тавони размии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба шумор меравад ва тавоноиҳои ин кишвар барои мубориза бо таҳдидоти террористию тақвияти марз бо Афғонистон сурат гирифт. Пеш аз ин раисҷумҳури Русия ба таҳдиди рӯ ба рушди терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон ва густариши нуфузи гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи шимолии ҳамҷвор бо кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ишора карда буд.