Декабр 20, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти ниме аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар бахши сохтусоз

Сухангӯи дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом кард, 50 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар бахши сохтусози ин кишвар фаъолият мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Иброҳим Аҳмадов гуфтааст, 90 дарсад аз кулли коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд ва дар ҳоли ҳозир ин кишвар бузургтарин мизбони афроди ҷӯёи кори Тоҷикистон аст.

Вай таъкид кардааст, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ наздик ба як миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба таври расмӣ ва бо муҷаввизи кор дар хоки Русия ҳузур доштаанд.

 Бахши умдаи ин афрод дар вилояти Маскав, шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои марказӣ ва санъатии Русия монанди Перм, Нижний Новгород, Челябинск, Свердловск ва Новосибирск фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи сухангӯи дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ин коргарон дар бахшҳои сохтусоз, идороти хадамоти шаҳрӣ, ҳамлу нақл, тиҷорат ва кишоварзӣ машғул ҳастанд.

Иброҳим Аҳмадов таъкид кардааст, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳам дар бахши хусусӣ фаъол ҳастанд, ки барои ҳамватанони худ корофаринӣ мекунанд.

 Чанд рӯз қабл Бонки марказии Русия эълом кард, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ тайи 9 моҳи соли ҷорӣ як миллиарду 663 миллион доллар аз ин кишвар ба Тоҷикистон ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 16 дарсад ё 231 миллион доллар бештар аст.