Фурӯши мех дар Тоҷикистон бидуни шиноснома мамнуъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27141-Фурӯши_мех_дар_Тоҷикистон_бидуни_шиноснома_мамнуъ_шуд
Ба дастури Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон фурӯши мех, капсулҳои газ, оксиген ва бархе масолеҳи сохтмонӣ бидуни ироаи шиноснома, адреси маҳалли сукунат ва шумораи телефони ҳамроҳи муштариён мамнуъ эълом шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 20, 2017 15:45 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши мех дар Тоҷикистон бидуни шиноснома мамнуъ шуд

Ба дастури Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон фурӯши мех, капсулҳои газ, оксиген ва бархе масолеҳи сохтмонӣ бидуни ироаи шиноснома, адреси маҳалли сукунат ва шумораи телефони ҳамроҳи муштариён мамнуъ эълом шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин дастур ба тамоми марокизи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ эълом шудааст.

 Як мақоми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки гуфтааст, ҳаққи мусоҳиба бо расонаҳои хабариро надорад, бо таъйиди ин дастур, ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз сӯистфодаи террористҳо аз ин васоил унвон кардааст.

Фурӯшандагони марокизи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ низ гуфтаанд, муштариён аз ин маҳдудият ибрози норизоият мекунанд, зеро ҳатто бо ироаи шумораи телефони ҳамроҳ, онон бояд тайи тамос сиҳҳати ин шумораро таъйид кунанд.

 Фурӯшандагони масолеҳи сохтмонӣ ҳам бояд тамоми иттилооти муштариро дар дафтари вижае сабт кунанд. Зеро ҳар аз гоҳе кормандони полис ин дафтарҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Давлатмурод Ҳалимов, мудири бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии "Варзоб" дар шаҳри Душанбе низ гуфтааст, илзомӣ шудани сабти ном ва иттилооти шахсии муштарӣ рабте ба мизони хариди вай надорад ва дар хариди 10 грам ё 100 кило масолеҳ боз ҳам муштарӣ бояд шумораи шиноснома, адреси маҳалли сукунат ва шумораи телефони ҳамроҳи худро ироа кунад.

Аз сӯйи дигар, Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили амниятӣ низ бо ишора ба истифодаи гурӯҳи террористии ДИИШ аз васоил ва абзори сода барои сохти бомбаҳо, аз ин иқдоми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳимоят кардааст.