Афзоиши 50 дарсадии қимати гази моеъ дар Душанбе
Қимати гази моеъ дар байни маводи сӯхт дар шашмоҳаи дувуми имсол ҳудуди 50 дарсад афзоиш ёфт.
Ба гузориши “Азия плюс”, қимати ин навъи газ дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки беш аз 60 дарсади автомобилҳои Тоҷикистон аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир арзиши як литар гази моеъ дар байни маводи сӯхти шаҳри Душанбе 4,1 сомонӣ аст. Вале ин миқдор сӯхт дар шашмоҳаи аввали имсол муодили 2,8 сомонӣ қимат дошт.
Масъулони Тоҷикистон иллати афзоиши қимати гази моеъро ба афзоиши қимати он дар Қазоқистон нисбат медиҳанд, ки чанде қабл низ дар расонаҳои ин кишвар нисбат ба он иттилоърасонӣ шуда буд.
Бар асоси гузориши Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҷумҳурӣ беш аз 60 дарсади васоили нақлиёт аз гази моеъ истифода мекунанд ва 30 ширкати дохилӣ низ дар амри интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон фаъол ҳастанд.