Декабр 20, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори корманди муваққати Сафорати Амрико бо вазири дохилаи Тоҷикистон

Кевин Коверт, корманди муваққати Сафорат Амрико дар Тоҷикистон бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ин дидор тарафайн дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо терроризм ва қочоқи мавод мухаддир, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва соири мавзӯоти мавриди алоқа ва иштироки ду тараф баҳсу гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин дар заминаи таҳдидот ва хатарҳои даврони муосир монанд анвои ҷурму ҷиноёти байналмилалӣ ва пешгириву муборизаи ҷамъӣ бо онҳо роҳкорҳои судманде ироа шуд.

 Дар ин дидор ду тараф ҳамчунин омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо эълом карданд.