Декабр 21, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Шаш сол зиндон барои як шаҳрванди тоҷикистонии мубаллиғи ифротгароӣ

Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар дар Русия, ба шаш сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории русии “РИА Новости”, мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон гуфтаанд, Фирӯз Абдулазизов ҳангоми ҳузур дар Маскав ба унвони коргари муҳоҷир, бо истифода аз шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” афкори гурӯҳи террористии ДИИШ -ро таблиғ мекард.

Ба гуфтаи мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо насби парчами сиёҳи гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳимоят аз ин созмони такфирӣ, аз корбарони ин шабака даъват кардааст ба ин гурӯҳ бипайванданд.

Гуфта мешавад, Фирӯз Абдулазизов рӯзи 15-уми август соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Русия дар Тоҷикистон боздошт шудааст.