Декабр 21, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 10 дарсадии тавлиди барқ дар нерӯгоҳи “Норак”

Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон аз афзоиши 10 дарсадии тавлиди барқ дар нерӯгоҳи барқӣ - обии “Норак” дар сурати бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода ин хабарро ҳангоми баррасии тарҳи тавофуқномаи бозсозии марҳалаи нахусти нерӯгоҳи обии “Норак” дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар эълом кард.

 Вай гуфт, ин нерӯгоҳ тайи 46 соли фаъолияти худ 434 миллиард киловатт соат барқ тавлид кардааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизот, аз ҷумла иваз кардани турбинаҳо дорад.

 Усмоналӣ Усмонзода таъкид кардааст, ба иллати кӯҳна шудани таҷҳизоти нерӯгоҳи обии “Норак”, зарфияти тавлиди барқи он аз се ҳазор мегават ба ду ҳазору 400 мегаватт коҳиш ёфтааст.

Вай бо эъломи кофӣ будани манобеи молӣ барои бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ гуфтааст, аз 700 миллион доллар сармояи лозим барои бозсозии комили ин нерӯгоҳ, 350 миллион доллар барои таъвизи турбинаҳо ва таҷҳизоти ин нерӯгоҳ дар марҳалаи нахуст, акнун фароҳам аст.

Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон гуфтааст, ҳазинаи молии мавриди ниёз дар марҳалаи нахусти бозсозии таҷҳизотӣ дар нерӯгоҳи обии “Норак”-ро Бонки Ҷаҳонӣ бо 225 миллион доллар, Бонки Тавсеаи Осиё бо 60 миллион доллар ва дигар ниҳодҳои молӣ таъмин хоҳанд кард.

 Вай замони иҷрои ин барномаро панҷ сол эълом ва таъкид кардааст, пас аз таъвизи таҷҳизот, аз ҷумла се турбинаи нерӯгоҳи обии “Норак” зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ 10 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.