Декабр 23, 2017 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абади саркардаи тоҷики бандаи қочоқи маводи мухаддир дар Русия боздоранда нест

Як узви Шӯрои иҷтимоии Русия ва ҳуқуқдони саршиноси ин кишвар муътақид аст, ҳукми ҳабси абад барои Шералӣ Табаров, саркардаи тоҷики як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддир монее барои фаъолияти дигар гурӯҳҳои қочоқчӣ нахоҳад буд.

Ба гузориши “Спутник”, Иля Ремесло бо ишора ба ин ҳукм, ки ахиран аз сӯйи додгоҳи Маскав содир шуд, гуфтааст, ин муҷозоти шадид ҳатто наметавонад муҷиби тарси дигар гурӯҳҳои қочоқчӣ шавад.

Аз назари вай, қочоқи маводи мухаддир ва ба вижа героин, тиҷорати пурсуде дар ҷаҳон ва низ дар Русия аст ва дигар гурӯҳҳои қочоқчӣ ба хотири манофеи калони молии ин навъи тиҷорат, ҳамчунон ба фаъолияти худ дар ин замина идома хоҳанд дод.

Ҳарчанд тайи ҳафт соли ахир ин нахустин боре аст, ки дар Русия алайҳи саркардаи як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддир ҳукми ҳабси абад содир мешавад, аммо ин ҳукм ба маънии оғози муборизаи ҷиддӣ алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ин кишвар нест.

 Ба гуфтаи Иля Ремесло, агар додгоҳи Маскав Шералӣ Табаров, саркардаи тоҷики як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддирро сазовори чунин муҷозоти шадиде ташхис дода бошад, пас тамоми мавориди марбут ба ин парванда маврид баррасии дақиқ қарор гирифтааст.

 Додгоҳи Маскав 14 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми ташкили як гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир ва интиқоли 700 кило героин тайи солҳои 2012 то 2016 ба Русия, ба шаш то 25 соли зиндон маҳкум кард.

Шералӣ Табаров, саркардаи ин гурӯҳ ҳам ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз ҳашт ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон даврони маҳкумияти худро мегузаронанд, ки як севуми онон ба иттиҳоми мушорикат дар интиқол ва фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд.