Як коршинос: Бояд роҳкорҳои решакан кардани фасод дар Тоҷикистон ироа мешуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27315-Як_коршинос_Бояд_роҳкорҳои_решакан_кардани_фасод_дар_Тоҷикистон_ироа_мешуд
Коршиноси масоили сиёсии тоҷик мегӯяд, ки дар паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони ин кишвар бояд ҳамзамон бо ёдоварии афзоиши фасоди молӣ дар идороти давлатӣ, роҳкорҳои решакан кардани ин падида низ ироа мешуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2017 07:50 Asia/Dushanbe
  • Як коршинос: Бояд роҳкорҳои решакан кардани фасод дар Тоҷикистон ироа мешуд

Коршиноси масоили сиёсии тоҷик мегӯяд, ки дар паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони ин кишвар бояд ҳамзамон бо ёдоварии афзоиши фасоди молӣ дар идороти давлатӣ, роҳкорҳои решакан кардани ин падида низ ироа мешуд.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, Абдулмалик Қодиров бо ишора ба паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони ин кишвар, ки аз афзоиши 25 дарсадии фасоди молӣ дар миёни кормандони идороти давлатии ин кишвар дар соли ҷорӣ ба шиддат интиқод шудааст, набуди роҳкорҳои мушаххас барои решакан сохтани ин падиддаро аз мушкили умда дар ин ҷумҳурӣ, унвон кард.

Вай гуфтааст, ки дар ин паём аз воридкунандагони маҳсулоти пастсифат низ интиқод шуд. Аммо иллати аслии воридоти маҳсулоти пастсифат фасоди молӣ мебошад, ки ин афрод бо пардохти ришва ба кормандони гумрук чунин колоеро ба бозорҳои ин кишвар арза мекунанд. Вай мӯътақид аст, ки агар ба мавзӯи воридоти маҳсулот ва назорат бар кайфияти он, ҳамонанди “Қонуни танзими ҷашн ва маросим” таваҷҷуҳ мешуд, ба таври қатъ вазъи ин бахш беҳбуд меёфт. Муттаассифона дар бораи вуҷуди фасоди молӣ дар идороти давлатӣ танҳо бо ибрози нигаронӣ, иктифо мешавад ва роҳкорҳои решакан сохтани ин падида ироа намегардад.

Аз сӯи дигар Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили сиёсии тоҷик мӯътақид аст, ки набуди шароити назорати расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон бар фаъолияти идороти давлатӣ, заминасози густариши фасоди молӣ дар ин кишвар мебошад. Зеро агар дар Тоҷикистон заминаи назорати расонаҳои хабарӣ, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бар фаъолияти идороти ҳукуматӣ фароҳам мебуд, имкони ифшои мавориди фасод ва ришавахорӣ бештар мешуд ва роҳкорҳои муассир барои муқобила бо ин падида, тадвин ва ироа мегардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумони ин кишвар аз афзоиши фасоди молӣ дар миёни кормандони идороти давлатӣ, ибрознгаронӣ кард ва гуфт, ки бештарин маворид марбут ба  фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон дар миёни кормандони вазоратхонаҳои маориф ва улум, беҳдошт ва дармон, кор ва муҳоҷират,  кумитаҳои давлатии замин, молиёт, ҷавонон ва варзиш, додгоҳҳо ва бонкҳо мушоҳида мешавад.