Афзоиши 15 дарсадии ҳуқуқи кормандон ва бознишастагон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27339-Афзоиши_15_дарсадии_ҳуқуқи_кормандон_ва_бознишастагон_дар_Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳуқуқи кормандони давлатӣ аз 10 то 15 дарсад афзоиш меёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2017 09:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 15 дарсадии ҳуқуқи кормандон ва бознишастагон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳуқуқи кормандони давлатӣ аз 10 то 15 дарсад афзоиш меёбад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба маҷлиси ин кишвар дар бинои “Кохи Сомон”-и шаҳри Душанбе, аз афзоиш 15 дарсадии ҳуқуқи кормандони давлатӣ бознишастагон низ хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи аслии буҷаи тасвиб шудаи давлат барои соли ояндаи 2018-ро рушд ва тавсеаи Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо донист ва афзуд, буҷаи кишвар гароиши иҷтимоии худро ҳифз хоҳад кард ва ҳазинаҳои аслӣ ба бахшҳои омӯзишу парвариш, ҳифзи иҷтимоӣ ва саломат ихтисос меёбад.

Ӯ дар мавриди афзоиши ҳуқуқ, ҳуқуқи бознишастагӣ ва бахши таҳсилот ҳам гуфт, давлати Тоҷикистон дар аввали сентябри 2018 ҳуқуқ кормандони давлат, омӯзишу парвариш, беҳдошт, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоиро 15 дарсад, ҳуқуқи кормандони низомӣ ва интизомиро 10 дарсад ва кумакҳазинаи таҳсилӣ ва ҳуқуқи бознишастагиро 15 дарсад афзоиш медиҳад.