Декабр 25, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • 70 миллиард сомонӣ барои иҷрои барномаи тавсеа дар ​​Тоҷикистон

Ҳудуди 70 миллиард сомонӣ (7.9 миллиард доллар), барои иҷрои барномаи тавсеаи миёнмуддати ​​Тоҷикистон ихтисос меёбад.

Ба гузориши “Авесто”, ин маблағ дар солҳои 2018 то 2020 аз буҷаи давлати Тоҷикистон барои иҷрои барномаи тавсеаи миёнмуддати ин ҷумҳурӣ, дар солҳои 2016-2020 ихтисос дода хоҳад шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои идороти марбут ба бахшҳои иқтисодии кишвар, "Стратегияи миллии рушди ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" дар ду соли гузашта, дар ҳоли иҷро аст ва иқдомоти дорои аввлавияти фози аввали он, шомили барномаи миёнмуддати тавсеаи ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2016-2020 аст.

Барои расидан ба ин аҳдоф дар ин давра токунун аз буҷаи давлати Тоҷикистон беш аз 36 миллиард сомонӣ ихтисос ёфта ва ба ин манзур барои солҳои 2018-2020 тахсиси ҳудуди 70 миллиард сомонӣ, барномарезӣ шудааст.

Яке аз аҳдофи аслии “Стратегияи миллии рушди ҷумҳурии Тоҷикистон” барои давраи то 2030, интиқоли Тоҷикистон аз модели рушди кишоварзӣ-санъатӣ ба кишвари бо модели рушди санъатӣ-кишоварзӣ эълом шуда ва афзоиши саҳми санъат дар сохтори тавлиди нохолс дохилӣ дар муқоиса бо саҳми кишоварзӣ, аз аввлавиятҳои он аст.

Дар ҳоли ҳозир саҳми кишоварзӣ дар тавлиди нохолиси дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон солона 20 то 25 дарсад аст, аммо саҳми санъат дар ин кишвар аз 12 дарсад бештар нест.