Омодагии Тоҷикистон барои муқобила бо террористҳо
Дабири собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо тайиди афзоиши шибҳнизомиёни ДИИШ дар Афғонистон гуфт, Душанбе барои муқобила бо террористҳо омодагии комил дорад.
Ба гузориши Форс, Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо тайиди афзоиши шибҳнизомиёни ДИИШ дар Афғонистон гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик аз ҳузури террористҳо дар он сӯи марз огоҳӣ доранд .
Азимов идома дод: Ба далели инки террористҳо дар Сурияву Ироқ бо шикаст рӯ ба рӯ шуданд, ҳузурашон дар Афғонистон пурранг хоҳад буд .
Дабири собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон хотирнишон кард: Террористҳо бояд бидонанд, ки Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аст ва дар сурати лузум, кишварҳои узв ба кумаки ин кишвари мешитобанд .
Замир Кабулов, раиси бахши осиёии Вазорати умури хориҷаи Русия чанде қабл дар суханоне аз афзоиши теъдоди нерӯҳои ДИИШ дар Афғонистон хабар дода буд.
Ба гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон, дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ҳазорон шибҳнизомӣ дар қолаби созмонҳои террористӣ гирдиҳам омаданд, ки миёни онон атбои ҷумҳуриҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон кам нестанд .