Шарти нав барои сафари шаҳрвандони тоҷик ба ҳаҷ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27445-Шарти_нав_барои_сафари_шаҳрвандони_тоҷик_ба_ҳаҷ
Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур додааст ба онҳое, ки вазъи рӯзгорашон хуб нест, иҷозати сафар ба Маккаву Мадинаро надиҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 26, 2017 11:44 Asia/Dushanbe
  • Шарти нав барои сафари шаҳрвандони тоҷик ба ҳаҷ

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур додааст ба онҳое, ки вазъи рӯзгорашон хуб нест, иҷозати сафар ба Маккаву Мадинаро надиҳанд.

Ба иттилои Ахбор, Азим Иброҳим гуфтааст, аз ин пас дар судӯри иҷозатномаи ҳаҷ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд вазъи маишатии хонаводаҳои ин афрод меъёр гардад ва аз рафтани он идда аз шаҳрвандоне, ки қасд доранд, бо қарз гирифтани маблағи ҳазинаи ҳаҷ аз дигарон ё бонкҳо ба сарзамини ваҳй сафар кунанд, ҷилавгирӣ шавад.

Коршиносон мегӯянд, ки бар асоси ин дастур мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон метавонанд ба баҳонаи номусоид будани шароити маишатии хонаводаҳои шаҳрвандоне, ки довталаби сафар ҳаҷ бошанд, аз рафтани онон ҷилавгирӣ кунанд.

Ин маҳдудият муҷиби рушди фасоду ришвахорӣ дар умури эъзоми шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафари ҳаҷ хоҳад шуд, ки таҷрубаи соири қавонини кишвар вуҷуди чунин падидаеро исбот мекунад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон сафари афроди то синни 40 ба зиёрати Маккаву Мадинаро манъ карда буданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии "Ҳаҷ-2017” гуфта шуд, ки дар соле ки сипарӣ мешавад дар маҷмӯъ 6520 шаҳрванди Тоҷикистон сафари Ҳаҷ кардаанд.

Соли 2017 нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон 3700 долларро ташкил медиҳад.