Зиндони баландмуддат барои яке аз муассисони ДИИШ дар Тоҷикистон
(last modified 2017-12-26T09:45:02+00:00 )
Декабр 26, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
  • Зиндони баландмуддат барои яке аз муассисони ДИИШ дар Тоҷикистон

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 26 солаи шаҳри Душанберо ба иттиҳоми таъсиси шохаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар кишвар ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз Toptj, ин додгоҳ Умар Мирзоевро, ки ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ авоили имсол дар Русия боздошту ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба 20 соли зиндон маҳкум кард .

Иттиҳомоти Мирзоевро таъсиси шохаи гурӯҳи террористӣ, ҷазби афрод ба ДИИШ ва даъват барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон эълом шудааст .

Умар Мирзоев соли 2014 дар шаҳри Толятти дар маркази Русия ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста ва чаҳор тоҷикро барои иҷрои амалиёти террористӣ ва мунфаҷир кардани сохтмони кумитаи амнияти миллии ноҳияи Хуросон дар вилояти Хатлон ба ин минтақа эъзом кард, аммо ин чаҳор нафар қабл аз анҷоми амалиёт боздошт ва ба 12 то 15 соли зиндон маҳкум шуданд .

Умар Мирзоев аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои Зелло бо асомии мухталиф аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба ДИИШ бипайванданд .

Умар Мирзоев дар додгоҳ иттиҳоми даъвати шаҳрвандон барои пайвастан ДИИШ-ро пазируфта, аммо талош барои иҷрои амалиёти террористиро рад кардааст .

Мақомоти Тоҷикистон аз пайвастани ҳазору 140 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хабар додаанд .

 300нафар аз ин афрод дар даргирӣ бо артишҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд .