Август 21, 2016 19:13 Asia/Dushanbe
  • Роҳи транзитии Афғонистон ва Тоҷикистон қатъ шуд

Сухангӯи полиси вилояти Қундӯз дар шимоли Афғонистон эълом кард, ки гурӯҳи Толибон бо инфиҷори пули роҳбурдии Олчин, роҳи транзитии Афғонистон ва Тоҷикистонро бо роҳҳои навоҳии Имом Соҳиб,, Қалъаи Зол ва Дашти Арчӣ масдуд кард.

Ҳиҷратуллоҳ Акбарӣ рӯзи якшанбе ба расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфт, гурӯҳи Толибон пас аз шикасти сангин дар ноҳияи Хонобод, шаби гузашта ин пулро мунфаҷир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, гурӯҳи Толибон пас аз тасарруфи ноҳияи Хонобод, камтар аз 24 соат тавассути нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон аз ин шаҳристон берун ронда шуд.

Пули Олчин ба унвони роҳи транзитии Афғонистон бо Тоҷикистон 300 метр тӯл дошт ва рӯзона садҳо худрави борбар ва мусофирбар аз он убур мекард.

Акнун гурӯҳи Толибон рустоеро дар наздикии ин пул дар ихтиёри худ дорад ва аз он ба унвони пойгоҳи низомӣ барои ҳамлаи нерӯҳои ин гурӯҳ истифода мекунад.

Гузоришҳои расида баёнгари он аст, ки ҳамакнун даҳҳо худрави бозаргонон дар ду тарафи ин пул мутаваққиф шудаааст.

 

Барчасп