Боздошти ду масъули тоҷик ба ҷурми ришвахорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27513-Боздошти_ду_масъули_тоҷик_ба_ҷурми_ришвахорӣ
Ду масъул дар шӯъбаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода (воқеъ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон) ба ҷурми гирифтани ришва боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду масъули тоҷик ба ҷурми ришвахорӣ

Ду масъул дар шӯъбаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода (воқеъ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон) ба ҷурми гирифтани ришва боздошт шуданд.

Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон эълом кард, Қамариддин Орифзода ва Акбарҷон Бобоев дар ивази дарёфти чаҳор ҳазор сомонӣ фардеро аз боздоштгоҳи полис озод кардаанд.

Онҳо илова бар ин, 2400 сомонӣ низ аз бародари фарди мавриди назар хоста буданд, ки кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Қамариддин Орифзодаро дар ҳангоми дарёфти бахше аз ин маблағ боздошт карданд.

Барои ин ду нафар парвандаи қазоӣ ташкил шуда, ки дар сурати исботи ҷурм ба муддати ҳафт то 12 сол зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

 Мубориза бо фасод аз мавзӯоти доғ ва матраҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ахиран ҳам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солона ба парлумони ин кишвар ба шиддат аз фасоди молии мақомҳои давлатӣ, ба вижа ришвахории онон интиқод карда буд.

Тайи моҳҳои гузашта садҳо масъули идорот ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт ва равонаи зиндон шудаанд, ки пурсарусадотарини ин парвандаҳо марбут ба боздошт ва зиндонӣ шудани теъдоде аз мақомҳои Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон буд.