Декабр 27, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: Амнияту иқтисод, авлавиятҳои Душанбе дар ИДМ

Раисҷумҳури Тоҷикистон масоили марбут ба таъмини амният, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаро аз ҷумлаи авлавиятҳои раёсати ояндаи ин кишвар бар Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) унвон кард.

Ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Маскав, ба авлавиятҳои раёсати ин кишвар дар ИДМ ишора кард .

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Душанбе аз тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо таҳдидот ва чолишҳои ҷаҳонӣ дар ҷиҳати тазмини амнияти минтақа ҳимоят мекунад.

Вай афзуд: Таъмини амният дар марзҳои хориҷӣ аз ҷумла дар марзҳои ҷанубии кишварҳои ИДМ, тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иртиқои равобити башардӯстона авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ хоҳад буд .

Раҳмон дар поён ибрози итминон кард, соли оянда ҳамкориҳо дар чорчуби кишварҳои ИДМ ба таври созандае тавсеа хоҳанд ёфт .

Сарони ИДМ дар ин нишаст дар бораи масоили ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва тавсеаи бештари ҳамкориҳои чандҷониба дар қолаби ин иттиҳод баҳсу табодули назар карданд.