Тундбоди шадид Суғдро дарнавардид
Вазиши тундбоди шадиду бориши барф дар бархе навоҳии вилояти Суғд хисороте ба хонаҳову бемористонҳо ворид кард ва сабаби қатъи барқ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин тундбоди шадид ба ҳамроҳи бориши барф ба тахриби 40 пояи хати барқ, решакан шудани 60 дарахт, фурурехтан ва осеб дидани боми ду хона ва як сохтмони низомӣ мунҷар шуд ва ба бемористони марказии Хуҷанд низ хисорат ворид кард .
Тундбоди шаби 26 декабр дарахти соли навии шаҳри Суғдро ҳам бар замини андохт .
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд дар ҳоли арзёбии хисоратҳои иқтисодии тундбоди шаб гузашта аст ва кумак ба осебдидагон низ оғоз шудааст .
Хушбахтона ҳеч мавриде аз хисоратҳои ҷонӣ дар натиҷаи тундбод гузориш нашудааст.