Декабр 28, 2017 11:05 Asia/Dushanbe
  • Сарфи молиёти роҳҳои Тоҷикистон дар бозпардохти қарзҳои “Роғун”

Муовини вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, молиёти дарёфтӣ аз роҳҳои ин кишвар дар тарҳҳои муҳим, аз ҷумла пардохти вомҳои аврупоӣ, ки барои сохти нерӯгоҳи барқӣ- обии “Роғун” гирифта шудааст, истифода хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА", хонум Меҳруннисо Ҷонмуҳаммадова дар нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, дар се соли оянда ҳукумат дар назар дорад аз ҳисоби дарёфти молиёт аз роҳҳои ин ҷумҳурӣ мутаносибан 360 миллион, 375 миллион ва 390 миллион сомонӣ ба буҷет ворез кунад.

Бар асоси барнома, Ҳукумати Тоҷикистон барои бозпардохти воми дарёфтӣ аз ҳисоби фурӯши саҳҳоми молии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли 2018-ум 321 миллион сомонӣ (36 миллиону 400 ҳазор доллар) ихтисос хоҳад дод.

Дар моҳи сентябри имсол бо фурӯши саҳҳоми молии нерӯгоҳи “Роғун” дар хориҷ аз Тоҷикистон 500 миллион доллар барои такмили сохти он ҷамъоварӣ шуд, ки мизони бозпардохти солонаи он 7. 1 дарсад мебошад.

Бахши умдаи ин 500 миллион долларро сандуқҳову ширкатҳои байналмилалӣ аз се қораи Амрико, Аврупо ва Осиё ба Тоҷикистон барои такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ихтисос доданд, ки аз соли 2018 бояд бозпардохти ин маблағ ба вомдиҳандагон оғоз гардад.

Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дархости ҳукумати ин кишварро мабнӣ бар зарурати ба таъхир андохтани лағви қонуни дарёфти молиёт аз роҳҳои ин ҷумҳуриро то авохири соли 2020 тасвиб кард .