Се рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон дар соли нави мелодӣ
Федератсияи иттиҳодияи синфии мустақили Тоҷикистон аз истироҳати серӯзаи шаҳрвандони ин кишвар дар соли нави мелодӣ хабар додааст.
Ба гузориши “Спутник”, Федератсияи иттиҳодияи синфии мустақили Тоҷикистон эълом кардааст, ки ба далели таътили расмӣ будани рӯзҳои шанбеву якшанбе ва 30-юму 31 –уми декабри имсол, рӯзи душанбеи аввали январи соли нави 2018-и мелодӣ низ дар ин кишвар рӯзи истироҳат аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ду рӯз қабл ва рӯзи аввали оғози соли нави 2018 истироҳат хоҳанд кард.
Ҳамзамон дар баёнияи федератсияи иттиҳодияи синфии мустақили Тоҷикистон таъкид шудааст, идораҳову марокизе, ки бихоҳанд рӯзи душанбеи аввали январи соли нави 2018-ро ғайритаътилӣ эълом кунанд, дар ин тасмимгирӣ мухтор ҳастанд ва бояд тибқи муқаррароти дохилии хеш амал кунанд.
Аз сӯйи дигар, бар асоси тасмими Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон бо оғози соли ҷадиди мелодӣ тамоми мактабҳои давлатии ин кишвар ба муддати як моҳ таътил мешаванд ва донишомӯзон ба муддати як моҳ истироҳат мекунанд.
Ҳамчунин дар марокизи тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон дарахтони коҷ (арча) ба муносибати фаро расидани соли нави 2018 насбу зинат дода шудаанд.
Яке аз баландтарин дарахтони коҷ акнун дар майдони марказии шаҳри Душанбе насб шудааст, ки 25 метр баландӣ ва 12,5 метр арз дорад.