“Viber” ва “WhatsApp” дар Тоҷикистон аз имрӯз баста мешаванд?
Гуфта мешавад, ширкатҳои телефони ҳамроҳ Тоҷикистон аз якуми январ бар асоси фармони ширкати мухобирот, бастани шабакаҳои паёмрасони маъруфро оғоз мекунанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, намояндаи яке аз ширкатҳои телефони ҳамроҳи Тоҷикистон, рӯзи 31 декабр ба шарти фош нашудани ном ӯ ва ширкаташ, ин хабарро эълом кардааст.
Ба гуфтаи ин манба, бастани паёмрасонҳои маъруф чун Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO шурӯъ шуда ва имкон дорад, чанд рӯз тӯл бикашад.
Ширкати мухобирот ин хабарро ҳанӯз рад ё тасдиқ накардааст, аммо қаблан эълом карда буд, ки дар рӯзҳои наздик Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO баста хоҳанд шуд.
Ин манбаъ мегӯяд, дар асл бастани паёмрасонҳо кори осоне нест, зеро пойгоҳҳои онҳо ҳама дар хориҷ ва асосан дар Амрико ва Аврупо аст, аз ин рӯ, аз рӯзи якуми январ ба сурати озмоишӣ, дастрасӣ ба паёмрасонҳоро маҳдуд карда ва месанҷанд, ки мутахассисони Тоҷикистон аз нигоҳи фаннӣ то куҷо қодир ба анҷоми чунин коре хоҳанд буд.
Ин манбаъ афзудааст, масъулони тоҷикистонӣ дар ин кор аз таҷрибаи кишварҳое мисли Чин, ки собиқа зиёде дар бастани пойгоҳҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дорад, истифода хоҳанд кард.