Ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи тарканда ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 02 Jan 2018 10:02:44 GMT )
Январ 02, 2018 15:02 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи тарканда ба Тоҷикистон

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзҳои ахир аз ду мавриди қочоқи маводи тарканда ба дохили кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Ба нақл аз Авесто, дар мавриди нахуст нерӯҳои марзбонии мустақар дар хати марзи тоҷику қирғиз дар ноҳияи Мурғоб аз мошини як сокини ҳамин ноҳия ба номи Қашбой Мамбедқулов 700 килограм василаи тарканда кашфу забт карданд .

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангуи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, дар паи ин Қашбой Мамбедқулови 22 сола боздошт шудааст .

Мавриди баъдии қочоқи маводи тарканда ба мизони 100 килограм дар ноҳияи марзии Деваштич дар вилояти Суғд сабт шудааст .

Тибқи қонун, воридоту пахши маводи тарканда дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст.