Шароити сигоркашӣ дар Тоҷикистон сахттар мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27837-Шароити_сигоркашӣ_дар_Тоҷикистон_сахттар_мешавад
Раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 02, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Шароити сигоркашӣ дар Тоҷикистон сахттар мешавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин қонун сигор кашидан дар сохтмонҳои умумӣ, дафтари ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ, лифт, фурудгоҳҳо, ошхона, васоили нақлия ва маконҳои умумиро ба таври комил мамнӯъ мекунад. Илова бар ин фурӯши сигор дар фосилаи 100-метрии биноҳои беҳдоштӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва мазҳабӣ низ мамнӯъ мешавад.

Фурӯши сигор ба афроди зери 18 сол, тавзеи ройгони он ва табодули маҳсулоти тамоку бо соири маҳсулот дар Тоҷикистон ғайри муҷоз аст. Тибқи қонуни ҷадид, ниҳодҳои беҳдоштӣ метавонанд иҷозаи кашидани сигор дар зиндонҳо, бемористонҳои равонӣ ва хонаи солмандонро дар сурати ниёз содир кунанд. Ба ин манзур дар ин марокиз ҷойи махсус барои кашидани сигор сохта мешавад.