Январ 04, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Пардохти ҷарима - маҳкумияти ширкати тоҷикӣ аз сӯйи додгоҳи байналмилалӣ

Додгоҳи байналмилалии доварӣ дар Порис (арбитражний суд) ширкати тоҷикистонии “Кӯлоб Лимитед Петролиум”-ро ба пардохти 13 миллиону 700 ҳазор доллар ба ду ширкати нафтии фаронсавӣ ва чинӣ маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, дар ҳукми ин додгоҳ таъкид шудааст, ин ширкати тоҷикистонӣ ба иллати амал накардан ба тааҳҳудоти худ дар қиболи ширкати нафтии “Тотал” ва ширкати миллии нафти Чин бояд маблағи 13 миллиону 700 ҳазор доллар бобати хисороти ворида пардохт кунад.

Ҳамкории ин се ширкат дар соли 2012 бо таъсиси як ширкати муштарак барои иктишофу истихроҷи газ аз майдоне дар вилояти Хатлони Тоҷикистон оғоз шуд, вале дар соли 2016 ширкати нафтии “Тотал” ва ширкати миллии нафти Чин бо муттаҳам кардани шарики тоҷикистонӣ ба пардохт накардани саҳми молиаш, корро ба Додгоҳи байналмилалии доварӣ дар Порис кашонданд.

Вакилони мудофеи ин ду ширкат муддаӣ ҳастанд, ширкати “Кӯлоб Лимитед Петролиум” бо вуҷуди дархостҳои мукаррар аз пардохти саҳми молии думиллиондолларии худ дар ин тарҳи муштарак ва ҳатто пазириши пешниҳоди хуруҷ аз ин проект сарпечӣ кард.  

 Аз сӯйи дигар, бархе коршиносон муътақиданд, ба иллати умқи зиёди захоири нафту газ дар хоки Тоҷикистон, ки ниёзманди ҷазби манобеи молии фаровон аст, бояд ба ширкатҳои хориҷӣ имтиёз дод.

Зуҳур Ёров, маъданшиноси тоҷик муътақид аст, истихроҷи захоири нафт ва гази Тоҷикистон ба хотири воқеъ шудан дар умқи зиёд, бисёр ҳазинабар аст. Бинобар ин набояд ширкатҳои нафтии хориҷиро бо шароити сахти дарёфти муҷаввиз, печидагиҳои раванди пардохти молиёт ва қонунҳои ҷазби сармоягузорӣ дар ин кишвар, норозитар кард ва фирорӣ дод.