Январ 04, 2018 12:35 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар феҳристи беҳтарин кишварҳо барои туристҳои моҷароҷӯ

Як муассисаи байналмилалии туристӣ дар рутбабандии ахири худ Тоҷикистонро дар феҳристи беҳтарин кишварҳо барои туристҳои моҷароҷӯ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Душанбе, муассисаи “British backpacker society” Тоҷикистонро дар феҳристи 20 кишвари бартар барои гардишгарони моҷароҷӯ (экстремальные или приключенческие путешественники) қарор дод.

Бар асоси рутбабандии ин муассисаи гардишгарӣ, Тоҷикистон дар ин феҳрист дар мавқеияти ҳафтум ва дар канори Лубнон ва Чин қарор гирифтааст.

Покистон, Русия, Ҳинд, Туркия ва Қирғизистон аз ҷумлаи панҷ кишваре ҳастанд, ки дар мавқеиятҳои нахусти ин феҳрист қарор гирифтаанд.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеаи туризм, эҳё ва ҳимоят аз ҳунарҳои дастии мардуми Тоҷикистон, соли 2018-и мелодиро ба унвони “Соли гардишгарӣ ва саноеи дастӣ” дар ин кишвар номгузорӣ кард.

 Дар ин росто Душанбе низ бо ҳадафи тавсеаи гардишгарӣ, дарёфти раводиди ин кишвар барои шаҳрвандони беш аз 80 кишвари ҷаҳонро осон кардааст.

“British backpacker society” як муассисаи туристии бритониёии мутамаркиз ба омӯзиш ва мутолеаи кишварҳои ба таври кофӣ шинохтанашуда аст.