Январ 04, 2018 17:34 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи дубораи Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон: Таърифаи барқро афзоиш диҳед

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бори дигар тавсия кард, таърифаи барқро афзоиш диҳад.

Ба гузориши "Азия Плюс", гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди иқтисоди Тоҷикистон ҳокӣ аст, ширкати Барқи тоҷик бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ аст ва ҳанӯз барои фаъолиятҳояш буҷаи кофиро дар ихтиёр надорад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ, ин камбудии буҷа ба таърифаҳои поинтар аз мизони бозпардохти ҳазинаҳо марбут аст.

Таърифаи мутавассити барқ дар Тоҷикистон ба ​​45 дарсад аз мизон бозпардохти ҳазинаҳо баробар аст.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз дар соли 2012 ба давлати Тоҷикистон тавсия карда буд, "бо ҳадафи истифодаи мантиқӣ аз энержии барқ" ба тадриҷ таърифаҳои барқро барои  масрафкунандагони дохилӣ то 3.5 сент афзоиш диҳад ва имрӯз мардуми ин кишвар барои ҳар киловатт тақрибан ду сент пардохт мекунанд.

Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа низ дар гузориши худ дар поёни моҳи ноябри соли 2017 ба мақомоти Тоҷикистон тавсия кард, ба тадриҷ таърифаҳои барқро афзоиш диҳанд ва ҳамзамон барои гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, манобеи кумакҳазинаи пардохти барқи масрафиро фароҳам кунанд.

Таърифаҳои барқ дар Тоҷикистон ҳар сол барои ҳамаи масрафкунандагон ба ҷуз ширкати ТАЛКО, дар ҳоли афзоиш аст.

Охирин бор аз аввали октябри соли гузашта, таърифаҳои барқ дар Тоҷикистон гарон шуд ва дар ҳоли ҳозир мардуми ин кишвар барои ҳар киловатт барқи масрафӣ, 16.85 дирам пардохт мекунанд.