Дидори сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо вазири умури хориҷии Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27973-Дидори_сафири_Тоҷикистон_дар_Тошканд_бо_вазири_умури_хориҷии_Узбакистон
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд рӯзи ҷумъа бо вазири умури хориҷии Узбакистон дидор кард. Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, дар ин дидор сафирони Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ ҳузур доштанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 05, 2018 21:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо вазири умури хориҷии Узбакистон

Сафири Тоҷикистон дар Тошканд рӯзи ҷумъа бо вазири умури хориҷии Узбакистон дидор кард. Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, дар ин дидор сафирони Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ ҳузур доштанд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон зимни суҳбат бо сафирони кишварҳои ҳамсоя ононро аз ҷузъиёти тарҳи Узбакистон барои ҳамкориҳои густурда ва баландмуддат миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ огоҳ кард. Ин тарҳро моҳи сентябри соли 2017 Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа кард.

Содиқ Эмомӣ аз моҳи июни соли 2016 ба ин сӯ сафири Тоҷикистон дар Узбакистон аст.