Январ 06, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди интиқоли сафорати Қирғизистон аз Душанбе ба Хуҷанд

Яке аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Қирғизистон пешниҳод кардааст, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд мунтақил шавад.

Ба гузориши сомонаи “ТОҶИКТА”, Таабалди Тиллоев, намояндаи ҳизби “АТА Журт” дар парлумони Қирғизистон гуфтааст, умдаи табодули тиҷории ин кишвар бо Тоҷикистон бо вилояти Суғд аст ва ба иллати дур будани шаҳри Душанбе беҳтар аст, ки сафорати Қирғизистон ба шаҳри Хуҷанд интиқол ёбад.

Вай таъкид кардааст, равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду вилояти Ӯш ва Ботканди Қирғизистон асосан бо вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон барқарор аст, ки иллати он ҳаммарз будан ва наздикии ин манотиқ бо ҳам аст.

Аммо дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон намояндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории Қирғизистон вуҷуд надорад ва тоҷирони қирғиз барои ҳалли масоил ва мушкилот маҷбур ҳастанд бо тайи масофати тӯлонӣ ба сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе муроҷиа кунанд.

Аз ин рӯ, аз дидгоҳи намояндагони Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон, интиқоли сафорати ин кишвар аз Душанбе ба Хуҷанд метавонад ба густариши равобит иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвари ҳамсоя кумак кунад.

 Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бахши умдаи сӯхти мавриди ниёзи худро аз Қирғизистон ворид мекунад ва содироти мева, сабзиҷот ва меваи хушки ин кишвар ба Қазоқистон ва Русия низ аз хоки Қирғизистон сурат мегирад.

Намояндагони парлумони Қирғизистон ҳанӯз дар бораи пешниҳоди Таабалди Тиллоев ибрози назар накардаанд.