Январ 06, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • Гузаргоҳи марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон ифтитоҳ мешавад

Як гузаргоҳи марзии муҳим байни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Узбакистон бо ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар дар остонаи Наврӯз, ифтитоҳ мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, як манбаи хабарии вобаста ба Кумитаи гумруки Тоҷикистон гуфт, ҳаминак барои кормандони гумруки водии Зарафшон дар гузаргоҳи марзии Ҷартеппа- Сарзм, 10 мавқеияти шуғлӣ эҷод шуда ва ба эҳтимоли зиёд пас аз ифтиттоҳи ин гузаргоҳ, онҳо дар ин макон шурӯъ ба кор хоҳанд кард.

Қабл аз ин як манбаи хабарии дигар аз Кумитаи гумруки Тоҷикистон эълом карда буд, дар соли 2018 ифтиттоҳи гузаргоҳи марзӣ миёни Панҷакент бо Самарқанд, барномарезӣ шудааст.

То ҳол аз тарафи ҳукумат ин хабарҳоро касе расман тасдиқ накардааст, аммо гуфта мешавад, расми ифтитоҳи гузаргоҳи Ҷартеппа - Саразм ҷашни Наврӯзи соли 2018 дар шаҳри Панҷакент баргузор гардида дар он меҳмонони баландпоя аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.

Гузаргоҳи Ҷартеппа - Саразм танҳо пости марзӣ дар водии Зарафшон миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аст, ки ҳафт сол қабл дар ноябри 2010 аз сӯи Узбакистон баста шуд.

Марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон 1332.9 ҳазор километр тӯл дорад ва то соли 2002 дар марзи ин ду кишвар, 16 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дошт.