Август 22, 2016 18:07 Asia/Dushanbe
  • Ду узви Толибон тавассути марзбонони тоҷик кушта шуданд

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар даргирӣ бо Толибон дар манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон, 2 узви ин гурӯҳро куштанд.

Ба навиштаи сойти Озодагон, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар даргирӣ бо нерӯҳои Толибон дар манотиқ марзии ин кишвар бо Афғонистон, 2 узви ин гурӯҳро куштанд.

Бино ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, соати 02:00-и шаби гузашта, як гурӯҳи 8-9 нафарӣ аз қочоқчёни афғон ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз минтақаи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ бо марзбонони тоҷик даргир шуданд.

Ин манбаъ афзуд, дар ин даргирии мусаллаҳона, қочоқчён бо муқобилаи шадиди марзбонони тоҷик мувоҷеҳ шуданд, ки дар натиҷа 2 тан аз онҳо кушта ва боқӣ мондаи онҳо ба сӯи Афғонистон фирор карданд.

Вай дар идома гуфт, мушаххас шудааст, ки 2 фарди кушта шуда байн 22 то 25 сол син доштанд ва ҳар ду аз аъзои гурӯҳи Толибон будаанд.

Улуғхоҷаев ҳамчунин изҳор дошт, аз ҷои ҳодиса як адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62, 1 адад норинҷаки РГД-5 мусодира карда шуда, ду ҷасади қочоқчии афғон дарёфт шудааст.

Тайи соли гузашта ин чандумин мартаба аст, ки байни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва қочоқчёни афғон даргирӣ ба вуқӯъ мепайвандад.

Кушта шудани 2 узви гурӯҳи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи рӯзҳои ахир Толибон дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон бо нерӯҳои давлати Кобул, дар ҳоли даргириҳои густурда мебошанд.

 

Барчасп