Консерти овозхонҳои тоҷик барои коҳиши андешаи ифротгароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28103-Консерти_овозхонҳои_тоҷик_барои_коҳиши_андешаи_ифротгароӣ
Мақомоти масъули фарҳангӣ дар Тоҷикстон тасмим гирифтаанд, ки барои коҳиши нуфӯзи андешаи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ноҳияҳои ин кишвар, ки теъдоди зиёди ҷавонони ин манотиқ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, консерти овзхонҳои машҳури ин ҷумҳуриро баргузор кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2018 07:17 Asia/Dushanbe
  • Консерти овозхонҳои тоҷик барои коҳиши андешаи ифротгароӣ

Мақомоти масъули фарҳангӣ дар Тоҷикстон тасмим гирифтаанд, ки барои коҳиши нуфӯзи андешаи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ноҳияҳои ин кишвар, ки теъдоди зиёди ҷавонони ин манотиқ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, консерти овзхонҳои машҳури ин ҷумҳуриро баргузор кунанд.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, ин консертҳо дар21 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки манотиқи осебпазир дар баробари андешаи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба ҳисоб меоянд, бо ҳазинаи молии идороти ҳукуматҳои маҳаллӣ, баргузор хоҳанд шуд.

Бар асоси ин барнома, овозхонҳои машҳури репсарои тоҷик дар навоҳии водии Рашт, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон барои муқобила бо андешаҳои ифротӣ дар баҳори соли ҷорӣ, якқатор консерт иҷро хоҳанд кард. Масъулони вилояти Бадахшон гуфтаанд, ки аз минтақаи Язғулом, ки 6 ҳазор ҷамъият дорад, 40 нафар аз ҷавонон бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки ҷои нигаронӣ дорад. Аз ин рӯ, дар чорчӯби марҳалаи дуввуми сиёсати роҳбурдии давлати Тоҷикистон барои мубориза  бо терроризм, акнун барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории консерти гурӯҳҳои ҳунарӣ, иҷроӣ хоҳад шуд.

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки тасвиби Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар Тоҷикистон, ки ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз исрофи манобеи молии хонаводаҳо иҷроӣ шуд, мӯҷиби коҳиши таваҷҷуҳи мардум ба арӯсиҳои ҷавонон гардид, ки акнун теъдоди ширкаткунандагон ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд, ки таъсири барномаҳои фарҳангиро ба андешаи насли ҷавон касе инкор намекунад. Бо ин ҳол, гумон намеравад, ки афроди дорои андешаҳои ифротӣ дар ин консертҳо ширкат кунанд ва агар ба иҷбор ҳозир гарданд, ин барномаҳо ҳеҷ таъсире бар афкори онон, нахоҳад дошт.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки 1 ҳазору 140 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки 300 тан аз ин афрод, дар ин даргириҳо кушта шудаанд.